Дар Душанбе аз  Лоиқ Шералӣ ва  Муъмин Қаноат ёд карданд

20-уми май, шаҳри Душанбе, оромгоҳи “Лучоб”. Ин рӯз  гиромидошти ду сутуни барҷастаи адабиёти тоҷик — Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ буд.

Субҳи барвақт, дар фазои ороми “Лучоб”, чеҳраҳои шинохтаи адаб, устодону шогирдон, дӯстону ёрон ва ҳаводорони шеър гирди ҳам омаданд. Онҳо бо гул, бо ашъор ва бо эҳсоси амиқи эҳтиром хотираи ин ду шоири миллӣ ва мардумиро пос доштанд.

Муъмин Қаноат, шоире, ки бо қалам роҳи зиёдеро барои насли нав кушод. Лоиқ Шералӣ, шоире, ки шеъру номаш ҳамеша вирди забонҳост.

Дар маҳфили имсола низ, донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон шеърҳо аз осори Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ қироат карданд.

Ҳарчанд ин ду шахсияти адабпарвар имрӯз дигар миёни мо нестанд, аммо суханашон, ашъорашон ва фалсафаи зиндагиашон то ҳол бо мо ва дар қалби мардум боқист.

Онҳо рафтанд, вале осорашон мондааст ва ҳар байти навиштаи онҳо то ҳол ба қалби наслҳо роҳ меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *