Дар Душанбе барои 200 нафар маркази нави дӯзандагӣ бунёд мешавад

Дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе маркази нави таълимию истеҳсолӣ бунёд мешавад. Марказ дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард ва он барои то 200 нафар хонанда  пешбинӣ шудааст.

Ҳадаф аз таъсиси он муҳайё сохтани муҳити замонавии таълимӣ ва таҷрибаомӯзӣ, боло бурдани сатҳи касбияти ҷавонон ва муҷаҳҳаз намудани онҳо бо донишҳои амалӣ ва малакаҳои касбӣ дар соҳаи дӯзандагӣ мебошад.

“Иқдоми мазкур дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастурҳои Сарвари давлат сурат гирифта, ба рушди таҳсилоти ибтидоии касбӣ, омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва мусоидат ба шуғлнокии ҷавонон равона шудааст. Ҳоло барои бунёди марказ гуруҳи корӣ таъсис ёфтааст.  Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Убайдулло Асрорзода пайваста аз ҷараёни сохтмон дар марказ дидан мекунад”,-иттилоъ доданд ба Pressa.tj аз донишгоҳи мазкур.

Инчунин, дар доираи  лоиҳаи ин марказ синфхонаву  устохонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияи муосир барои таълими амалӣ ташкил карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *