Дар Душанбе давоми се рӯз 7 ҳолати нақзи Қонуни танзим ошкор шуд

Дар давоми се рӯзи ахир дар шаҳри Душанбе 7 ҳолати нақзи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ошкор гардидааст. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт хабар медиҳад.

Тавре ки дафтари матбуоти Раёсат иттилоъ медиҳад, қонуншиканиҳо зимни баргузории рейдҳои муштарак ва амалиётҳои санҷишӣ аз ҷониби нозирони минтақавии милитсия ошкор шудаанд.
Мақомоти милитсия мегӯянд, нисбати шаҳрвандоне, ки талаботи қонунро риоя накардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо такя ба моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, парвандаҳо барои баррасӣ ба суд ирсол гардидаанд.
Ба гуфтаи масъулони Раёсат, вайрон кардани муқаррароти Қонуни танзим метавонад ба танишҳои иҷтимоӣ, бори зиёдатӣ ба буҷаи оилаҳо ва нобаробарии иҷтимоӣ мусоидат намояд. Аз ин рӯ, таъкид мешавад, ки риояи талаботи ин санади меъёрии ҳуқуқӣ на танҳо масъулияти шаҳрвандӣ, балки амали ҳифзкунандаи манфиатҳои ҷамъиятӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *