Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Рӯзҳои 7 ва 8 июл дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мегардад.
Рӯзи аввали форум иштирокчиён вобаста ба самтҳои гуногун: дар бахши сайёҳӣ, истеҳсолот ва фурӯш ширкат мекунанд.
Форуми асосӣ рӯзи 8 июл дар «Кохи Истиқлол» баргузор мешавад.
Кори форум дар шакли ҷаласаҳои панелӣ идома ёфта, иштирокчиён масъалаҳои «Таҷрибаи хусусии ду кишвар», «Сармоягузорӣ ба ояндаи минтақаҳо» ва «Уфуқҳои нави ҳамкории сармоягузорӣ»-ро баррасӣ мекунанд.
Инчунин, интизор меравад, ки дар форум роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи рушди сайёҳӣ, раисони вилоятҳои Тоҷикистон ва намояндагони расмии Қирғизистон иштирок кунанд.
Барномаи фарҳангӣ дар «Кохи Борбад» анҷомбахши форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон хоҳад буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ