Дар Душанбе марде барои латукӯби ҳамсараш 5 шабонарӯз ҳабс шуд

Диловар Сатторов, сокини 31-солаи шаҳри Душанбе барои рафтори дағалона ва латукӯби мунтазами ҳамсараш аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд.

Ба иттилои милитсияи пойтахт, рӯзи 15-уми июл ӯ дар назди манзили истиқоматиаш ҳамсарашро дашном дода, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст.

Баъд аз баррасии ҳолат, нисбати Сатторов бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *