Дар Душанбе мусобиқаи байналмилалии теннис доир мешавад

Дар шаҳри  Душанбе аз 1 то 7 сентябри соли равон Мусобиқаи байналмилалии теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқа варзишгарони беш аз 20 давлат иштирок мекунанд.

Бозиҳо ба таври инфиродӣ, ҷуфт ва ҷуфти омехта доир мешаванд.

Нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон соли 2005 доир шудааст.

Соли 2021 бошад, ба тақвими мусобиқоти Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *