Боздошти боз як ҷавон барои шантажи духтарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Кормандони ШВКД-1 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сокини 26-солаи пойтахт — Ҷонмаҳмадов Маҳмаднабиро бо гумони шантаж ва тамаъҷӯӣ боздошт карданд.
Ӯ бо истифода аз саҳифаҳои сохта дар Instagram ва Snapchat бо номҳои сохта бо духтарони ҷавон муошират намуда, пас аз ба даст овардани маълумоти шахсӣ онҳоро таҳдид мекард, ки агар пул надиҳанд маълумоташонро дар интернет паҳн мекунад.

Тибқи иттилои мақомот, нисбат ба гумонбар парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ва ӯ дар боздошт қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *