Дар Душанбе як истгоҳи нақлиётиро бардоштанд

Мақомоти шаҳри Душанбе истгоҳи нақлиёти ҷамъиятиро дар назди собиқ бинои телевизиони «Сафина» бардоштанд.

Ин иқдом бо мақсади сабуксозии ҳаракати нақлиёт дар маркази пойтахт анҷом дода шудааст.

Ба гуфтаи намояндаи ҳукумати шаҳр, аз масири байни Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ то майдони «Дӯстӣ» пайваста тамбашавии шадиди воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта мешуд.

Яке аз сабабҳои асосии чунин ҳолат, таваққуфи таксиҳо, аз ҷумла таксиҳои ғайрирасмӣ дар мавзеъи истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *