Дар Душанбе зеристгоҳи нави барқӣ бунёд мешавад
Дар шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ бунёд мегардад. Ин масъала дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Имай Сэйдзю баррасӣ гардид.
Татбиқи лоиҳаи мазкур барои тақвияти устувории шабакаи энергетикӣ ва баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти барқ дар пойтахти Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамзамон, дар вохӯрии ҷонибҳо тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи энергетика ва захираҳои об муҳокима шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ