Аз табори росткорӣ ва растагорӣ. Талоше барои шинохти Бобохон Маҳмадов

Бобохон Алиевич Маҳмадов. Номе ошно барои аҳли фарҳангу адаб ва мардумони дилогоҳу соҳибноми сарзамини мо. Ӯро яке аз муваффақтарин вазирони фарҳанги Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли кишвар медонанд…

Дар хусуси фазилатҳои неки инсонӣ, амалҳои хайру наҷиби Бобохон Алиевич ҳамаи фарҳангиёну ҳунармандони мо медонанд ва ёдовар мешаванд. Ӯ дар замони сарвариаш дар Вазорати фарҳанги кишвар ин нуктаро бо сароҳат исбот кард, ки:

На ба мансаб бувад баландии мард,
Балки мансаб шавад ба мард баланд…

Дар айёми пурошӯби кишвари мо сохтмони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дари умеди аҳли фарҳанг шуда буд. Алорағми ҳама ҷаҳолату торикиҳо чароғи фарҳангу ҳунар дар он ҷо фурӯзон буд. Бо баргузории беҳтарин барномаву маҳфилҳои эҷодӣ, ҷашнвораву тадбирҳои бузурги фарҳангӣ умеди мардум ба ояндаи неку дурахшон, ба сулҳу ваҳдат, суботу ободии ҷомеа қавитар мегардид. Маҳз бо ташаббуси ин марди шарифу инсони дарёдил солгарди таваллуд ва шабҳои эҷодии ҳунармандони маъруфи кишвар дар сатҳи баланд ва бошукӯҳ баргузор мешуданд, аз хидматҳои шоёну пурарзиши онҳо ба таври шоиста қадр карда мешуд.

Маҳфилҳои эҷодии Ҳофизони халқии Тоҷикистон Ҳусейн Насриддинов ва Иброҳим Кобулӣ, ки банда гардонандаи он барномаҳо будам, ҳаргиз аз лавҳи хотир зудуда намешаванд. Бо ҳузур ва суханрониҳои пурмеҳри Бобохон Алиевич шукӯҳу азаммати он маҳфилҳо боз ҳам бештар мегашт. Ҳамин гуна дар айёми роҳбарии Бобохон Алиевич маҳфилҳои ёдбуди шахсиятҳои бузурги фарҳангу адаб хеле таъсирбахшу хотирмон барпо мегаштанд, ки бидуни шак барои тарбияи маънавию ахлоқии насли ҷадид, хосса ҷавонони эҷодгар беҳтарин дастуру сабақ буданд.

Маҳз бо ташаббусу дастгирии ҷавонмардонаи вазири вақти фарҳанг ва иттилооти кишвар баргузории ҷашнвораи “Суруди сол” аз соли 1995 ба анъанаи неке табдил шуд ва барои мардум паёме аз сулҳу ваҳдат ва пирӯзии ақлу хирад бар торикию ҷаҳолат буд. Банда, ки он солҳо дар аксари маҳофилу ҷашнвораҳои фарҳангӣ ба ҳайси ровию гӯянда ҳузур доштам, неруву қудрат, салобату тамкин ва салоҳияту масъулиятшиносии баланди роҳбари аввали Вазорати фарҳангро аз наздик мушоҳида мекардам.

Бобохон Алиевич ба ҳамаи эҷодкорони асил, хосса ба собиқадорони арсаи фарҳангу адабу матбуот ва рӯзноманигорон меҳру ихлоси самимӣ дошт, бо ҳар васила кумаку ғамхории хешро аз онҳо дареғ намедошт.

Некию меҳрубониҳое, ки банда аз Бобохон Алиевич дидаам, то қиёмат аз ёдам намеравад. Бо далели сахтию нобасомониҳои рӯзгор соли 1995 аз театр рафтам. (Он замон ман дар театри “Ойина”-и Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе фаъолият доштам.) Дар фосилаи чанд моҳ (аз тирамоҳи соли 1994 то тобистони соли 1995) банда се азизи хонадон – бобову падар ва модаркалонамро барои ҳамеша аз даст дода будам. Соли 1998 модарам ба таври фоҷеаомез дунёро падруд гуфтанд…

Ҳарчанд фаъолияти худро дар театр қатъ карда будам, аммо ҳамзамон бо ҳафтаномаи “Чархи гардун”-и Акбар Саттори зиндаёд ҳамкорӣ мекардам ва дар маҳфилу ҳамоишҳои фарҳангию адабӣ ҳам ҳузур доштам. Дар он рӯзҳо чанде аз дӯстон бо тааҷҷуб ба ман хабар доданд, ки Бобохон Алиевич дар бораи ман ва хислату рафторам назари онҳоро ҷӯё шудааст. Баъдан шодравон Ҷамшед Исмоилов, овозхони маҳбубу зиндаёди мо, ки он солҳо муовини вазири фарҳанг буд, асли матлабро бароям гуфт…

Пӯшида нест, ки ҳамеша дар атрофи роҳбарон тамаллуқкорону хушомадгӯён, чоплусону сиёҳкорон бо ғаразу ниятҳои нопок “парвона” мешаванд. Хушбахтона, Бобохон Маҳмадов аз зумраи роҳбароне буд, ки ба ҳамин тоифа одамон рӯи хуш нишон намедод ва қотеъона онҳоро маҳкум мекард. Маҳз “хидмату лутфи дӯстона”-и ҳамин ҳасудону нотавонбинон буда, ки вазири ҳақҷӯю ҳақталош, дурандешу некбин бо руҷуъ ба сарчашмаҳои дигар шахсияти воқеии маро барои худ мушаххас карда. Саранҷом, ҷаноби вазир дар яке аз рӯзҳои баҳори соли 1999 бандаро ба ҳузури худ хонд. Аз мушкилоту мусибатҳои ба сарам омада огоҳ гашт, бо дилсӯзиву самимияти бепоён маро тасаллӣ дод ва афсӯс хӯрд, ки аз ин ҳодисаҳо бехабар монда. Ҳамчунин, барои аз театр рафтанам изҳори таассуфу нигаронӣ кард ва бо меҳр иброз дошт: “Модари тоҷик ҳар рӯз ҳунарманде чун Ортиқи Қодир ба дунё намеорад… Барои тарбия ва ба камол расидани як ҳунарманди асил солҳои зиёд саъйю талош бояд кард”. Сипас, сармуҳосиби вазоратро ба ҳузур хонд ва ба ӯ дастур дод, ки барои ман як маблағи қобили мулоҳизае ба унвони ёрии молӣ таҳия кунад. Ҳарфҳои пурмеҳру ғамхории падаронаи вазир қалбамро лабрези ҳаяҷону эҳсосот кард ва он лаҳзаҳо беихтиёр қатраҳои ашк аз дидагонам ҷорӣ гаштанд…

Бешак, фазилатҳои накӯи Бобохон Алиевич, хусусан амалҳои ҷавонмардонааш дар арҷгузориву қадршиносӣ нисбат ба аҳли эҷод, истеъдодҳои асил, мутахассисони баландпоя ва шинохти афроди содиқу бовиҷдон дар қиёс ба ашхоси сифлаву дурӯя, тамаллуқкору ҳасуд, беҳтарин дастуру роҳнамо барои мансабдорони зинаҳои гуногун аст. Ин сабақ воқеан ба рушду камол ва дастёбӣ ба муваффақиятҳои назаррас, дилгармиву руҳбаландии кормандони арса ва эътибору ҷойгоҳи баланди ҳар як муассисаву ниҳод мусоидат мекунад.

Аз некиву хайрхоҳиҳои Бобохон Маҳмадов на танҳо ман, балки даҳҳо нафар аз аҳли зиё, ҳунармандону адибон, рӯзноманигорону кормандони бахши матбуот бархӯрдор шудаанд.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аксари вазирону роҳбарон бо худ муҳофизони мусаллаҳ доштанд. Бобохон Маҳмадов ин амалро барои худ раво намедонист ва ҳатто дар ҳамон шабу рӯзҳои пурхатар аксар вақт аз хона то маҳали кор пиёда ва танҳо меомад. Боре аз ин хусус аз ӯ пурсон шудам. Посух дод, ки “ман дар ҳар ҳолат худамро ҳимоя карда метавонам”.

Соли 1999 ба ифтихори ҷашни 1100-солагии поягузории давлати Сомониён бо дастури Бобохон Алиевич банда дар чандин барномаҳои ҷашнӣ ҳамчун ровӣ ва муҷрӣ ҳузур доштам. Алорағми маҳдудияту монеаҳо, ҳамон сол банда бо пешниҳоду дастгирии мустақими  Бобохон Маҳмадов ба дарёфти унвони ифтихории Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф шудам.

Бобохон Маҳмадов дар кадом мақому мансабе, ки кор накарда бошад, шарафу обрӯи инсонии худро пеш аз ҳама чун марди ростиву росткорӣ ва аҳли аҳду вафо, баъдан чун роҳбари масъулиятшиносу дурандеш ва хайрхоҳу меҳрубон ҳифз кардааст. Ба қавли Ҷомии бузургвор:

Хуш он кас, ки оби рухи худ нарехт,
Ба некаш рух оварду аз бад гурехт.

Ҳамаи ҳамкорони собиқи Бобохон Маҳмадов дар Кумитаи давлатии матбуоти Тоҷикистон, дар Вазорати матбуот ва ахбори Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавонмардиву фазилатҳои неки инсонии ӯ бо ихлосу эҳтиром ва самимият ёд мекунанд.

Орзумандам, ки Бобохон Алиевич, ки 8-уми июли соли равон 75-сола шуданд, ҳамеша саломату пойдор ва муваффақу сарбаланд бошанд. Мутмаинам, ки зиндагиномаи ин шахсияти фозилу барӯманд барои насли имрӯзу фардои кишвари мо намоди ростиву мардонагӣ, шуҷоату шарафмандӣ, хайрхоҳиву некӯкорӣ ва ватандӯстиву садоқат ба арзишҳои волои инсонӣ мебошад.

Ортиқи ҚОДИР,

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон                                                                                                                     

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *