Анҷоми сафари давлатии Садир Жапаров дар Тоҷикистон
9 июл сафари давлатии Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, ки тайи ду рӯз дар Тоҷикистон идома дошт, ба анҷом расид.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо нишони эҳтироми хоса меҳмони олиқадрро Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.
“Ба хотири гусели меҳмони олимақом саҳни фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ ва аксҳои сарони ду давлат идона оро ёфта буд”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Барои гусел роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тараф саф оростанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ