Дар Ховалинг 80-солагии Ҳабибулло Файзулло бо шукӯҳ таҷлил гардид
Ноҳияи Ховалинг, ки ҳамчун зодгоҳи абармардони сухан ва фарҳанг шинохта шудааст, имрӯз шоҳиди як рӯйдоди муҳим гардид — ҷашни 80-солагии шоири маъруф ва фарзанди фарзонаи ин диёр, Ҳабибулло Файзулло.
Маросим бо ибтикори Ҳукумати ноҳияи Ховалинг ва бо ҳамкории наздики фарзандони шоир — Беҳрӯз, Беҳзод ва Фирдавс баргузор шуд. Маҷлиси ҷашнӣ бо суханронии ифтитоҳии Раиси ноҳия Набизода Фахриддин оғоз гардид. Ӯ дар суханони худ бо эҳтиром ва самимият аз насли эҷодкороне ёдовар шуд, ки бо қалами тезу қалби соф зиндагии миллатро тавсиф карда, мероси маънавиро ғанӣ намудаанд.
Ҳабибулло Файзулло яке аз намояндагони барҷастаи чунин насл буд — шоире, ки гарчанде умри кӯтоҳ дид, аммо суханаш умри дароз дорад.
Дар идомаи барнома филми ҳуҷҷатии мустанад дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Ҳабибулло Файзулло намоиш дода шуд. Ин филм на танҳо лаҳзаҳои нодири зиндагии ӯро бозгӯ кард, балки эҳсоси гарми дӯстӣ ва муҳаббати шеъриро ба қалбҳои ҳозирин овард.
Сипас дӯстону ҳамқадамони шоир, аз ҷумла адибону фарҳангсолорон, бо хотираҳои самимӣ сухан гуфтанд. Шоирони шинохта шеърҳои Ҳабибулло Файзулло ва ашъори тозаэҷоди худ ба номи ӯро қироат карданд. Ҳофизони маҳаллӣ ва сарояндагони мардумӣ шеърҳои ӯро бо оҳанги мусиқӣ ҷон бахшиданд ва фазои ҷашнро пур карданд.
Мақомоти маҳаллӣ ва ҳозирон изҳор доштанд, ки чунин чеҳраҳои фарҳангӣ бояд пайваста гиромӣ дошта шаванд, зеро зиндагии миллат бе ёди бузургон камранг ва бе мазмун мемонад.
Ҷашни 80-солагии Ҳабибулло Файзулло танҳо як хотироти гузарон набуд — он як бор дигар садои қалами ӯро бедор кард, то дар миёни мардум, махсусан насли ҷавон, шеъру маънӣ зинда монад.
Ҷашнро хоҳарзодаи Ҳабибулло Файзулло Адолати Мирзо барандагӣ кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ