Дар Хуҷанд ба фурудгоҳ даромадан манъ аст!?

23.07.2023, барои пешвоз ба Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд рафтем. Ҳаво хеле гарм буду тоқатфарсо. Вале дар чунин ҳавои гарм масъулини фурудгоҳ ба мардум иҷозат намедоданд, ки вориди толори пешвозгирӣ шаванд. Даромад фақат барои чиптадорҳо буд.

Акнун тасаввур кунед, ки дар ҳавои гарм ҳоли пешвозгирандагон чӣ мешавад? Мардум зиёд азоб мекашиданд, вале масъулини фурудгоҳро парвое набуд.

Мехоҳам донам, ки оё танҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд барои пешвозгирӣ ба дохили «толори пешвозгирӣ» даромадан мумкин нест ё дар дигар фурудугоҳҳо ҳам чунин аст?

Садриддин ШАРОФИДДИНОВ, шаҳри Хуҷанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *