Ширкати 130 варзишгар аз Тоҷикистон дар Бозиҳои дуюми кишварҳои узви ИДМ

Як ҳайати бузург, иборат аз 130 варзишгар, Тоҷикистонро дар Бозиҳои II-юми кишварҳои Иттиҳодияи давлатҳои мустақил (ИДМ) намояндагӣ мекунанд, ки 24 нафари онҳо бонувонанд.

Имсол бозиҳо аз 4 то 14-уми август дар кишвари Белорус баргузор мегарданд ва варзишгарони тоҷик дар 13 навъи варзиш ширкат мекунанд.

Бозиҳои нахустини кишварҳои ИДМ соли 2021-ум дар шаҳри Қазон (Русия) баргузор шуд. Дар он 1500 кас ширкат карданд, ки аз ин миён 1100 варзишгар 9 кишвари ИДМ-ро намояндагӣ карда буданд.

Имсол Минск, Борисов, Брест, Витебск, Гомел, Гродно, Жлобин, Могилев, Молодечно, Орша ва Солигорск шаҳрҳои мизбони мусобиқа хоҳанд буд.

Ду сол пеш Тоҷикистонро дар Бозиҳои ИДМ 52 варзишгар муаррифӣ карданд ва ба хазинаи варзишии кишвар 8 нишон оварданд, ки 1 тилло ва ҳафт медали биринҷӣ буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *