Дар Хучанд боз як тарабхонаи замонавӣ сохта мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи замонавии «Форел» сохта мешавад. Иншооти мазкур дар соҳили рости дарёи Сир ҷой гирифтааст.
Бахши иттилооти ҳукумати Суғд хабар медиҳад, ки иншшот то 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд.
«Бо назардошти минтақаи хуби истироҳативу сайёҳӣ будани соҳили рости дарёи Сир, соҳибкорон тасмим гирифтаанд, ки тарабхонаи брендӣ ташкил намуда, ба сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд хизмат расонанд»,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо лоиҳаи пешакии тарабхона шинос шуд.
Гуфта шуд, ки ҳангоми бунёди тарабхона тоза нигоҳ доштани соҳили дарё, бартарафсозии иншооти нозарур ва таъмиру тармими тайёраи «ИЛ-18», ки дар ин мавзеъ қарор дорад, дар доираи лоиҳа ба назар гирифта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ