Дар Кӯшониён ба 30 омӯзгор замин медиҳанд

Дар ноҳияи Кӯшониён якбора ба 30 омӯзгор замин барои бунёди хона медиҳанд. Ин ташаббуси нек барои ҳавасмандӣ ва дастгирии омӯзгорон будааст.

Дар ноҳияи Кӯшониён ҷудо кардани замин барои 30 омӯзгор пешбинӣ шудааст. Ин иқдом дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёз барои омӯзгорони ҷавон» мебошад.

Вале ба омӯзгороне замин дода мешавад, ки нишондиҳандаи хуб дошта бошанд. Ҳамчунин, фаъолияташон назаррасу омӯзгори намунавӣ бошанд.

Яке аз ҳадафҳои асосӣ — ин ҳавасмандсозии онҳо буда ва ба ин восита мусоидат дар беҳтар шудани сифати таҳсилот аст.

Бояд гуфт, ки ин аллакай дувумин ҳавасмандсозии омӯзгорон аст. Чанде пеш дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ҳам 30 омӯзгор бо замин барои бунёди хона таъмин шуда буданд.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.