Дар мусобиқаи “Tokyo Grand Slam- 2025” 6 ҷудокорӣ тоҷик иштирок мекунанд

Ба иттилои Федератсия ҷудои Тоҷикистон санаи 6-7- уми декабр дар шаҳри Токиои Ҷопон мусобиқаи ҷаҳони оид ба ҷудо «Tokyo Grand Slam- 2025» баргузор мегардад.

Ба иттилои манбаъ то ин дам дар ин мусобиқа 327 ҷудокор аз 44 кишвари ҷаҳон сабти ном шудаанд. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 6 нафар номнавис шудаанд:

Обид Ҷебов(66 кг)

Мусанниф Миробов (66 кг)

Сомон Маҳмадбеков (81 кг)

Беҳрӯз Хоҷазода (81 кг)

Мизробшо Лоиқов (90 кг)

Мӯҳсин Малаев ( 100 кг)

Маблағи умумии ҷоизавии мусобиқа 154 ҳазор евро мебошад. Ба ғолибони  медали тилло 5 ҳазор евро, медали нуқра 3 ҳазор ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоиза тақдим мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *