Дар мусобиқаи “Tokyo Grand Slam- 2025” 6 ҷудокорӣ тоҷик иштирок мекунанд
Ба иттилои Федератсия ҷудои Тоҷикистон санаи 6-7- уми декабр дар шаҳри Токиои Ҷопон мусобиқаи ҷаҳони оид ба ҷудо «Tokyo Grand Slam- 2025» баргузор мегардад.
Ба иттилои манбаъ то ин дам дар ин мусобиқа 327 ҷудокор аз 44 кишвари ҷаҳон сабти ном шудаанд. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 6 нафар номнавис шудаанд:
Обид Ҷебов(66 кг)
Мусанниф Миробов (66 кг)
Сомон Маҳмадбеков (81 кг)
Беҳрӯз Хоҷазода (81 кг)
Мизробшо Лоиқов (90 кг)
Мӯҳсин Малаев ( 100 кг)
Маблағи умумии ҷоизавии мусобиқа 154 ҳазор евро мебошад. Ба ғолибони медали тилло 5 ҳазор евро, медали нуқра 3 ҳазор ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоиза тақдим мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ