Дар нимсолаи аввал 218 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
Дар шаш моҳи аввали соли 2025 дар Тоҷикистон 218 корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар натиҷа беш аз 3500 нафар бо ҷойи кори нав таъмин гардиданд.
Тавре ки имрӯз, 6 август, вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода иттилоъ дод, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра ба 29,617 миллион сомонӣ расида, суръати рушди воқеии соҳа 24 фоизро ташкил дод.
Ба гуфтаи Завқизода, таъсиси корхонаҳои нав ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолот нишон медиҳад, ки сиёсати саноатикунонии кишвар дар самти иҷро қарор дорад ва дар самти коҳиши сатҳи бекорӣ низ мусоидат мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ