ИМД-2025: Номнависии довталабон 10 ҳазор нафар зиёд шуд

Дар ду даври бақайдгирии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД)-и соли 2025 дар Тоҷикистон 92 ҳазору 991 нафар номнавис шуданд. Ин шумора нисбат ба соли 2024 10 ҳазору 499 нафар зиёд аст.

Тавре директори Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода иттилоъ дод, барои баргузории шаффофу дастрас ва озоди бақайдгирӣ дар 60 шаҳру ноҳия 47 нуқтаи доимӣ ва 17 нуқтаи сайёри бақайдгирӣ бо 158 истгоҳи корӣ фаъол буданд.

Ба соли таҳсили 2025 шумораи умумии ихтисосҳо тибқи нақшаи қабул 852 ададро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 177 ба таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 675 ба таҳсилоти олии касбӣ рост меояд. Ин шумора нисбат ба соли гузашта 56 ихтисос бештар аст.

Имсол 127 муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба қабули донишҷӯён шомиланд, аз ҷумла як муассисаи нав – филиали Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории шаҳри Бохтар  бори аввал ба низоми ИМД ҳамроҳ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *