Амонатбонк: Ҳаҷми пасандозҳо ба 7,7 миллиард сомонӣ расид

Бақияи умумии пасандозҳо дар Амонатбонк то 30 июни соли 2025 ба 7,7 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,7 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин бора раиси бонк Алиҷон Салимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Алиҷон Салимзода, Амонатбонк аз рӯи ҳаҷми пасандозҳо яке аз мавқеъҳои пешсафро дар низоми бонкии кишвар ишғол менамояд.

Бақияи пасандозҳои аҳолӣ 2,9 миллиард сомонӣ ва ҳиссаи он дар сохтори умумӣ 38,8 фоиз мебошад. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 18,1 фоиз зиёд шудааст.

Ҳамчунин, бақияи пасандозҳои муҳлатнок ба 1,3 миллиард сомонӣ баробар буда, 16,6 фоиз рушд намудааст.

Фоизҳои пардохтшуда ба аҳолӣ дар ин давра 52,6 миллион сомонӣ ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 31,9 фоиз зиёд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *