Наздики 2000 парвандаи иқтисодӣ баррасӣ шуд
Соли равон аз ҷониби марҳилаҳои якуми судҳои иқтисодӣ, коллегияҳои кассатсионию назоратӣ ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 1924 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебонисо Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки аз ин шумора дар мавриди 1040 парванда ҳалномаи судӣ қабул гардида, 62 парванда қатъ ва 105 ариза бе баррасӣ мононда шудааст.
Қабули 8 ариза рад гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ