Дар нимсолаи аввали соли 2025 беш аз 23 ҳазор субъекти нави хоҷагидорӣ таъсис ёфт
Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи аввали соли 2025 дар кишвар 23 ҳазору 308 адад субъекти нави хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудааст.
Аз ин шумора 22 ҳазору 112 ададро соҳибкорони инфиродӣ ва 1 ҳазору 196 ададро шахсони ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд.
Тибқи маълумоти Кумита, ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳазору 288 соҳибкори инфиродӣ ва 82 шахси ҳуқуқӣ зиёд мебошад. Ин раванд далели рушди фаъоли соҳаи соҳибкорӣ ва беҳтар гардидани муҳити сармоягузорӣ дар кишвар арзёбӣ мешавад.
Ҳамчунин, Султон Раҳимзода зикр намуд, ки то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 375 ҳазору 133 субъекти хоҷагидорӣ фаъолият доранд. Аз ин шумора 339 ҳазору 560 нафари он соҳибкорони инфиродӣ мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ