Дар нимсолаи якум фаъолияти 129 корхона қатъ ё муваққатан боздошта шуд

Соли равон дар Тоҷикистон фаъолияти 129 корхона муваққатан боздошта шуд ё пурра қатъ гардид. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 -ум 45 адад камтар аст.

Дар ин бора вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, сабабҳои асосии мутаваққиф шудани фаъолияти корхонаҳо инҳоянд:

  • мушкилоти молиявӣ, аз ҷумла қарздории андозӣ ва бонкӣ;
  • мушкилоти марбут ба иҷора;
  • аз ҷумҳурӣ рафтани соҳибмулкони корхонаҳо;
  • паст гардидани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ нисбат ба воридотӣ;
  • болоравии нархи ашёи хом;
  • набудани талабот дар бозор ва фурӯхта нашудани маҳсулот.

Ба гуфтаи вазир, барои ҷилавгирӣ аз қатъи фаъолияти корхонаҳо ва дастгирии соҳибкорӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *