Дастоварди паҳлавонони Тоҷикистон аз Asian Kurash Championship 2025

Тими кураши Тоҷикистон дар “Asian Cadet’s, Junior and Senior Kurash Championship 2025”, ки аз 2 то 4-уми август дар Куриёи Ҷанубӣ баргузор шуд, бо ҳайати пурқувват ва умедбахш ҳозир шуд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 11 паҳлавони варзида шомил буданд, ки дар се гурӯҳи синнӣ – наврасон, ҷавонон ва бузургсолон Тоҷикистонро намояндагӣ карданд.

Миёни бузургсолон Сарвар Абдушукуров (-66 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+120 кг) нишони тилло, Искандар Маҳмадхоҷазода (-60 кг) нишони нуқра, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (-81 кг), Ҳамроз Раҷабов (-90 кг) ва Улуғбек Раҳимов (-100 кг) нишони биринҷӣ ба даст оварданд.

Миёни ҷавонон Ҳалимҷон Ҳалимов (-60 кг) соҳиби нишони биринҷӣ ва миёни наврасон Умарҷон Бобоалиев (-46 кг) соҳиби нишони нуқра шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *