Дар раддабандии ҷаҳонии ATP Карлос пешсафиро ҳифз намуд
Раддабандии нави ҷаҳонии Ассотсиатсияи тенниси касбӣ ва ё худ ATP нашр гардид, ки даҳгонаи аввали он бетағйир монд.
Мавқеи пешсафиро теннисбози испанӣ Карлос Алкарас бо касби 9375 хол ҳифз намуда, дар зинаи дуввм Новак Ҷоковичи сербӣ бо 8795 хол қарор дорад. Даниил Медведеви россиягӣ бошад, бо 6520 хол дар миёни сегонаи беҳтаринҳо боқӣ мемонад.
Каспер Рууд аз Норвегия мақомдори зинаи чорум, Стефанос Ситсипаси юнонӣ дар зинаи панҷум ва Холгер Руне аз Дания ҷойгузини зинаи шашуманд.
Мақомдори зинаи ҳафтум Андрей Рублёв аз Россия, Янник Синнери итолиявӣ дар зинаи ҳаштум, Тейлор Фритси амрикоӣ дар зинаи нуҳум буда, амрикоии дигар Фрэнсис Тиафо бошад, дар зинаи даҳум қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ