Дар Русия як зан барои куштани фарзанди 6-солаи муҳоҷири тоҷик 24 сол зиндонӣ шуд
Дар Екатеринбург зани 39-сола, Вероника Наумова, парастори Далер Бобиеви 6-сола, фарзанди муҳоҷир аз Тоҷикистон, ба 24 соли зиндон маҳкум гардид
Додгоҳи вилояти Свердловск дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҳукми ин занро содир кардааст. Гуфта мешавад, ӯ писарро бо қошуқи оҳанӣ барои пойафзол латукӯб карда, дар ваннаи обаш хунук ғарқ намудааст.
Ҷасади кӯдакро шаш моҳ дар борхалта пинҳон кардааст, то тавонад барои ӯ кумакпулии давлатӣ бигирад.
Ҷияни Вероника Наумова, Даниил Еголников низ барои азият додани кӯдак 5 сол зиндон гирифт.
Вероника Наумова дар куштор бо аломатҳои бадбинии миллӣ, расонидани зарари вазнин ба солимӣ, ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардан, ҷалби ноболиғ ба ҷиноят ва қаллобӣ дар гирифтани кумакпулиҳо гунаҳкор дониста шудааст.
Наумова гуноҳашро рад мекунад. Падари Далер талаб кардааст, ки ӯ 10 млн рубл ҳамчун ҷуброни маънавӣ пардозад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ