Самарқанд

Дар Самарқанд мушкилоти Афғонистон баррасӣ мешавад

– Имрӯз дар шаҳри Самарқанд конфронси вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон баргузор мешавад,- хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

Дар чорабинӣ кишварҳои Ӯзбекистон, Эрон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Русия ширкат хоҳанд кард.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои амният, муқовимат ба таҳдидҳои густариши терроризм ва қочоқи маводи мухаддир аз қаламрави Афғонистон, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва идомаи раванди оштӣ дар дохили Афғонистон тавассути таъсиси ҳукумати воқеан фарогир баррасӣ мешавад.

Ин нишаст имкон медиҳад, ки барои беҳбудии вазъи башардӯстона дар Афғонистон ва бозсозии иқтисоди Афғонистон, аз ҷумла тавассути ҳавасмандгардонии лоиҳаҳои зерсохтори минтақавӣ талошҳо варзида шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *