Конфронси ДДХ дар мавзуи «Технологияҳои нав ва методологияи таҳқиқ»

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Технологияҳои нав ва методологияи таҳқиқ» бахшида ба 35-солагии таъсисёбии кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума баргузор гардид.

Бино ба иттилои ДДХ, дар ҷаласаи ифтитоҳи конфронс профессор Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода дар мавзуи «Риояи меъёрҳои байналхалқии журналистӣ дар маводи шабакаҳои иҷтимоӣ» маърӯза намуда, доир ба риояи меъёрҳои ҳирфавӣ ва ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар расонаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози назар намуд.

— Дар бахшҳо зиёда аз 100 маърӯзаҳои илмии олимону мутахассисони соҳа роҷеъ ба мавзуи зикршуда мавриди таҳлилу баррасии густурда қарор гирифтанд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *