Дар шаҳри Панҷакент деҳаи нав бунёд мешавад

Бо иштироки раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва намояндагони шарикони рушд дар маҳали нави аҳолинишин, ки дар наздикии деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Ворӯ бунёд мегардад, санги асос гузошта шуд.

Дар ин бора аз ҳукумати шаҳри Панҷакент ба Pressa.tj иттилоъ доданд.

Зимни гузоштани санги асос ва муаррифии лоиҳаи деҳаи нав зикр гардид, ки он дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сармоягузории ташкилоти байналмилалии хайриявии “Шарҷа” аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” бунёд карда мешавад.

Тибқи лоиҳа, дар аввал барои 25 оилаи эҳтиёҷманд манзилҳои истиқоматии дорои се ҳуҷра ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон сохта мешаванд. Дар деҳаи нав бунёди бинои муассисаи таълимӣ ва нуқтаи тиббӣ низ дар назар дошта шудааст.

Тибқи нақша, хонаҳои нави истиқоматӣ то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омода гардида, ба оилаҳои эҳтиёҷманд тақдим хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *