Дар Бохтар фаъолияти маркази дилхушии “Париж” қатъ шуд
Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки дар пайи як ҳодисаи вайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ дар маркази дилхушии “Париж”, воқеъ дар шаҳри Бохтар, фаъолияти ин марказ қатъ ва парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Ҳодиса ҳангоми баҳси байни як мизоҷи сархуш ва кормандони марказ сар зад. Дар асоси тафтишот, роҳбари марказ Ҷалолов Амирҳамза ва пешхизмат Шерзода Ҷунайд нисбати мизоҷ амалҳои авбошӣ анҷом дода, ӯро мавриди дашному латукӯб қарор додаанд. Ҷабрдида дар натиҷаи ин муноқиша ҷароҳатҳои ҷисмонӣ гирифта, дар беморхона бистарӣ шуд.
Нисбати айбдоршавандагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дари марказ муҳр зада шуд. Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки тайи ҳафтаҳои охир фаъолияти се маркази дигари дилхушӣ низ барои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар шаҳри Бохтар қатъ гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ