Дар шумораи №11-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!
Зери рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Шавҳарро дӯст дорӣ, саги хонаашро ҳам дӯст медорӣ”, “Ба “морг” афтодаму арӯсам шавҳар кард”, “Хиёнати арӯсро ба акоям гӯям?” мутолиа намуда метавонед.
Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа таҳти унвони “Аз идивоҷ наметарсам, вале” мусоҳибаи сарояндаи ҷавону хушовоз Миноро, ки аз барномаи “Ногуфтаҳо” таҳия гардидааст, мутолиа карда метавонед.
Қиссаи “Рӯзи сиёҳи духтари бе оча” сарнавишти апаву хоҳаронест, ки хеле барвақт модари худро аз даст медиҳанд ва аз ҷониби моиндар азобу шиканҷаи зиёде мебинанд.
Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” дар суҳбат бо руҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо саволу ҷавобҳои диниро оид ба фазилатҳои моҳи шарифи рамазон мутолиа намоед.
“Нома ба шавҳар” номаи зани азияткашидаест, ки умре аз ҷониби шавҳар ранҷу озор дида, билохира ба бистари беморӣ меафтад.
Дар қиссаи “Ишқ не, доми бало” сарнавишти марде рӯи саҳифа оварда шудааст, ки ба доми зани бероҳаву фиребгар афтода, оқибат ба зиндон меафтаду дар он ҷо вафот мекунад.
Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз ҳушдори Диловар Сафаров то мошини 30-миллиона бурд кардани ҷавони тоҷик” мутолиа намоед.
Дар саҳифаи “Аз рӯзгори ситораҳо” таҳти унвони “Келинам аз ними сухан маро мефаҳмад” мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро бо ҳунарманди собиқадор Мастона Эргашева оид ба фаъолияти корӣ ва зиндагии имрӯзааш дар суҳбати рӯ ба рӯ мутолиа намоед.
Таҳти рубрикаи “Солимӣ” бо унвони “Зуком ба кӯдакон чӣ хатар дорад?” маводи тиббиро дар боби бемории зуком дар атфол ва оид ба пешгирӣ намудани он маслиҳатҳои судмандро мутолиа намоед.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ