Дар шумораи №19-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Таҳти рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Зайнура Пӯлодова аз Рӯзибеки Файзалӣ ҷудо шуд?” муроҷиат кардааст. Овозаи дигар таҳти унвони “Гулбаҳор Ғаффорова ба Русия кӯч баст?” аз ҷониби мухлисони ин ҳунарманд ирсол гардидааст.

Қиссаи “Ғазаби париҳо!” сарнавишти занест, ки соҳиби бахту тахт, шавҳари меҳрубон ва сарвати зиёде бошад ҳам, дар хонаи қасрмонанди худ роҳат зиндагӣ карда наметавоанд. Гулӯи Дилбарро махлуқи сиёҳи серпашме…

Дар саҳифаи 4 саволу ҷавобҳои динӣ дарҷ гардидааст. Хонандагони ҳафтанома бо саволҳои “Баъди ғусл таҳорат кунам?, Шавҳарам маро 7 талоқ доду… Ангуштарини нуқра суннат аст” ва боз чандин саволҳое, ки ҳамарӯза ба онҳо посух меҷӯянд, муроҷиат кардаанд.

“Қасоси домод” қиссаи марди кинагиру худхоҳест, ки бо бадрашкиву бадгумонӣ на танҳо худаш оилавайрон мешавад, балки боз хонаи хоҳаршӯву додаршӯи худро вайрон месозад.

“Агар ба зинае расидам, ҳама аз шарофати модарам буд” маводест дар бораи зиндагиву фаъолияти директори кулли “Радиои Ватан” ва ровии писандидаи ҳамагон Субҳони Ҷалил.

Зери рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Чаро шикам дамиш мекунад?” шумо метавонед ба саволҳои бешумори худ оид ба сабабҳои сар задани ин иллат ва роҳҳои пешгирӣ намудани он маслиҳатҳои муфид пайдо намоед.

“Занакчаи каждумзабон”. Чунин унвон дорад қиссаи зиндагиномаи як марде, ки занакмиҷозу феълу рафтори занона дорад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.