Дар шумораи №24-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Таҳти рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Чаро Манижа Сангинро ба фестивал роҳ надоданд?” муроҷиат кардааст. Овозаи дигар аз ҷониби хонандагон зери унвони “Приянка шавҳари ҷавонашро эрка мекунад?” ирсол гардидааст.

Қиссаи “Падар тобути духтарашро ба хона роҳ надод” сарнавишти духтарест, ки бо марди зандор муносибатҳои пинҳонаи ошиқӣ дошту билохира ҳамроҳи ошиқаш ба садама дучор гардида, ҷон ба ҷаббор месупорад. Падар тобути фарзандашро ба хона роҳ додан намехоҳад, вале…

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагони ҳафтанома дар масъалаҳои шариат ва дини ислом посух гуфта мешавад. Боз дар ҳамин саҳифа хабарҳои кӯтоҳтаринро аз ҳаёти варзишгарони ҷаҳонӣ мутолиа карда метавонед.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта аз ногуфтаҳои ҳаҷвнигор Бахтиёр Раҳимов то ваъдаҳои нави арабҳо ба Абдурозиқ мутолиа намоед.

Таҳти рубрикаи “Чеҳра” матлаб дар бораи кору фаъолияти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Майрам Турсунова пешкаши ҳаводорони ҳунар мегардад.

Дар қиссаи “Қалби шикаста!” зиндагиномаи духтараки маъюбе дарҷ гардидааст, ки ба ҷавоне ошиқ шуда, бо ҳазор орзуву умед оила бунёд намуда, оқибат миёни роҳ мегардад.

Таҳти рубрикаи “Дарду дармон” дар матлаби “Чаро зан бача мепартояд?” оид ба сабабҳо, роҳҳои пешгирӣ ва табобати ин иллат маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

Дар қиссаи “Подоши ҷавонмардӣ” шумо зиндагиномаи занеро мутолиа карда метавонед, ки як умр хизмати шавҳари номдору машҳурашро карда, дар охир ба ҷавонмарди ҳақиқӣ будани шавҳар ва барабас нарафтани умраш эътимод пайдо мекунад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.