Дар шумораи №47-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Таҳти рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Бо телефон талоқ дода, пушаймон шуд”, “Дӯст медорам мегуфту шавҳар кард”, “Шавҳарам зани русашро аз ман боло медонад” мутолиа намуда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа аз зиндагиву фаъолияти блогерони ҷавон Ник ва Тара мутолиа намоед.

Қиссаи “Дарди дили духтари герчик”, ки дар саҳифаи 3-и ҳафтанома дарҷ гардидааст, сарнавишти занеро қисса мекунад, ки сахт вобастаи героин гаштааст ва роҳи халосӣ аз ин вабои марговарро пайдо карда наметавонад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон дар мавзуҳои динӣ посухи кӯтоҳ дода шудааст. Дар қисмати дигари ҳамин саҳифа хабарҳои кӯтоҳи варзиширо мутолиа карда метавонед.

Дар саҳифаи 5-уми ҳафтанома ба саволҳои хонандагон дар мавриди масъалаҳои ҳуқуқии марбут ба мушкилоти оилавӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳуқуқшиноси лоиҳаи “Ҳуқуқи ман” посух мегӯяд.

“На талоқ медоду на пуштибонам мешуд” боз як қиссаи дардолудаи занест, ки 15 сол зери хушунати пайвандони шавҳар умр ба сар бурдааст, вале ба хотири фарзандон ба тамоми зулму хориҳо тоқат кардааст.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта матлаби “Барои чӣ Субҳон Ҷалилов китобҳоро савтӣ мекунад?”-ро мутолиа намоед.

Дар саҳифаи “Чеҳра” таҳти унвони “Биёед аз ғам нагӯем” суҳбати рӯзноманигор Одил Нозир бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева оид ба зиндагиву фаъолияти эҷодии ин бонуи ҳунар пешкаши мухлисон мегардад.

Зери рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Чаро зардпарвин авҷ мегирад?” оид ба роҳи табобат ва пешгирӣ намудани бемории мазкур маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.