Дар шумораи №26-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Таҳти рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Парвина Шукруллоева куҷо шуд?” муроҷиат кардааст.

Дар саҳифаи номаҳо дарди дили келину хушдоман ва мушкилоти хонаводагӣ дарҷ гардидааст.

Қиссаи “Зани шавҳардидаро дӯст медорам” сарнавишти ҷавонест, ки ба зани шавҳардида ошиқ шудаасту ӯро ба занӣ гирифтан мехоҳад. Азбаски издивоҷи зани шавҳардида ва бачаи зан нагирифта дар ҷомеаи мо қобили қабул нест, Мунис низ дучори монеаву зиддияти волидонаш гаштааст…

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома таҳти рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагони ҳафтанома дар масъалаҳои шариат ва дини ислом посух гуфта мешавад. Боз дар ҳамин саҳифа хабарҳои кӯтоҳтаринро аз ҳаёти варзишгарони ҷаҳонӣ мутолиа карда метавонед.

Бо сарлавҳаи “Аждаҳозан” қиссаи зани бадрафтору носипосе дарҷ гардидааст, ки ба рӯи некиву меҳрубониҳои шавҳари худ по мегузорад.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта аз тарки озмун кардани Наимҷон то муроҷиати рэпсаро ба Раҳими Ғармиро мутолиа намоед.

Зери рубрикаи “Аз ҳаёти ситораҳо” мавод дар бораи кору фаъолияти актрисаи бомаҳорати рус, ки образи Нинаро дар “Бандии Қафқоз” офаридааст, пешкаши ҳаводорони ҳунар мегардад.

Таҳти рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Инсултро пешгирӣ карда мешавад?” оид ба сабабҳо, роҳҳои пешгирӣ ва табобати ин иллат маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *