Созишнома тасвиб шуд. Баъди имзои Путин муҳоҷирони тоҷик нафақа мегиранд

Думаи давлатии Русия созишнома дар бораи тақсими нафақа миёни Тоҷикистону Русияро тасвиб кардааст. Гуфта мешавад, ки баъди имзои ин санад аз ҷониби президент Владимир Путин, ба муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд, нафақа дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ин санад моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе имзо шуда, моҳи апрел парлумони Тоҷикистон онро қабул карда буд. Аммо додани нафақа барои муҳоҷирон як шарти асосӣ дорад.

Дилмурод Давлатзода, сардори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон ду моҳ қабл дар ҷаласаи парлумон гуфта буд, ки аз ин пас Русияву Тоҷикистон вазифадор хоҳанд шуд, то ба шаҳрвандони ҳамдигар, ки дар қаламрави ду кишвар кор кардаанд, нафақа диҳанд. Тавре ӯ афзуд, талабот барои ҳарду кишвар ин аст, ки шаҳрвандон собиқаи корӣ дошта, андози иҷтимоӣ супорида бошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *