Дар сӯги дӯстам Садриддиншоҳ Ҷалолӣ
Инсон бо гузашти умр умед бар он дорад, ки ҳар субҳаш бо хабари хуше оғоз ёбад. Аммо ҳаёт бераҳм аст, ба касе гузашт надорад. Пиру ҷавон, хурду бузург намегӯяд.
Намепурсад, кӣ ҳастӣ.
Намепурсад, ки даст дар риқоби корвони некӣ дорӣ ё роҳзане ҳастӣ дар қасди тороҷи он.
Мебарад.
Аз ҳамон ҷое, ки омадӣ, бозпас мебарад.
Намепурсад, ки бори як хонадони бузург бар дӯшат аст. Намепурсад, ки набераи навзодат ҳанӯз туро нашинохтааст, танҳо ба чеҳраат менигарад ва бо беғубортарин табассум дунёро равшан мекунад.
Ин субҳ бо чунин хабари нохуш оғоз ёфт.
Хабари марги дӯстам Садриддиншоҳ.
Садои хоҳараки мо Ҳалима меларзид. Овози ӯ дигар он оҳанги ороми ҳамешагиро надошт:
– Акаи Шариф, мебахшед, шаб бедор кардам…
Ҳамон лаҳза фаҳмидам, ки ин бор он хабаре садо намедиҳад, ки дилро равшан кунад.
– Тағои Садриддиншоҳ гузашт…
Ҳамон Садриддиншоҳ. Фарзанди Насриддиншоҳ — табиби мардумие, ки ҷони ҳазорон беморонро бар бадали талошҳо, бедорхобиҳо ва сӯхтани дил харида буд. Табибе, ки дарди дигаронро аз дарди худ боло мегузошт, нафасаш ба бемор умед мебахшиду дастонаш шифо.
Фарзанди ҳамон хонадоне, ки табобат дар хунашон ҷорӣ буд, шифо дар нафасашон зиндагӣ мекард. Дар ин хонадон табиб будан касб не, сарнавишт буд, шифо бахшидан қарзи инсонӣ ба ҳисоб мерафт.
Садриддиншоҳ идомаи он роҳ буд. Идомаи кори падаре, ки бо дуо, гиёҳ табобат мекард, бо имон даво мебахшид.
Ва имрӯз ин роҳ ба охир расид. Соҳибдиле ба ҷаҳони дигар кӯчид. Аммо номаш бо дуо ёд мешавад. Ва ёдаш бо ашк.
Садриддиншоҳ на танҳо табиб буд, ӯ умед буд. Бо ҳарфи ширин, бо нигоҳе пур аз меҳр, бо гиёҳҳое, ки бо нӯги ангуштон бо тамоми назокат аз кӯҳу саҳро мечид, барои беморон даво месохт. Ӯ табибе буд, ки аввал дардро мешунид, баъд беморро медид, сипас дово мекард.
Ӯ табибе буд, ки дарди мардумро дарди худ медонист.
Хиёбони Карамови шаҳри Душанбе имрӯз холист. Навбатпоиҳое, ки аз субҳ то шом тӯл мекашиданд, он чеҳраҳои пурумед, он нигоҳҳои пурилтиҷо ҳама гӯё якбора нопадид шудаанд.
Имрӯз дар хиёбон хомӯшист. Хомӯшии сахте, ки садои нолаи беморонро дар худ нигоҳ медорад. Хомӯшие, ки мегӯяд: табиб рафт, аммо ҷояш холӣ монд. Ва ин холигӣ на танҳо дар як кӯча, балки дар дили ҳазорон одамон эҳсос мешавад.
Бародаронаш як ба як рафтанд… Онҳое, ки мегуфтанд: «Дасти ман не, дасти падар» ва бо муҳаббат ангушт ба набзи беморон мегузоштанд, дармони дардашро бо имон меҷустанд.
Акнун навбати ӯ расид…
Ин субҳ ӯро дар дили хоки сарди зимистон мегузоранд. Хоке, ки шоҳиди ашки мардони хомӯш, нолаи занони дилшикаста ва нигоҳи ҳайронмондаи тифлон мешавад.
Ӯ дигар нест. Ва шояд ҳазорон бемор имрӯз бо диле пурдард номи ӯро ба забон оранд. Шояд касе дардмандона бигӯяд: «Агар Садриддиншоҳ мебуд…». Аммо ӯ дигар нест. Ва дигар Садриддиншоҳе мисли ӯ пайдо шуданаш дар гумон аст.
Дар як дам, як лаҳза оламро тарк кард. Бе видоъ. Бе фурсат. Гӯё шифое, ки тамоми умр ба дигарон мебахшид, барои худаш дар ин дунё боқӣ намонд.
Аммо ӯ зинда аст. То даме ки касе бо гиёҳе шифо меҷӯяд, то даме ки табибе бо қалб табобат мекунад, то даме ки номи ӯ бо эҳтиром ёд мешавад, Садриддиншоҳ зинда аст.
Рӯҳат шод бод, дӯсти азиз. Ҷоят ҷаннат бод, табиби мардумӣ.
Шариф Ҳамдампур
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ