Ифтитоҳи бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳ дар қисми ҳарбии 3503-и  Бохтар

25-уми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, мавриди истифода қарор доданд.

Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити фароҳамгардида дар бинои маъмурии қисми ҳарбии мазкур шинос шуда, бо дастаи ҳайати шахсии мазкур сӯҳбат намуданд.

Бинои навбунёд бо назардошти меъёрҳои муосири меъморӣ ва талаботи махсуси соҳа бунёд гардидааст.

Ҳамчунин дар бинои қисми ҳарбии 3503 ҳуҷраҳои кории афсарон бо мизу курсӣ, таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои алоқаи дохилӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Барои нигоҳ доштани солимии ҳайати шахсӣ ва обутоби бадан дар масоҳати 350 метри мураббаъ толори муосири варзишӣ низ бунёд ёфтааст.

Дар ин қисми низомӣ анбори нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва полезӣ бо ғунҷоиши 100 тонна муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар он маҳсулоти хурокаи сарбозон, захира ва нигаҳдорӣ карда мешавад.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ ва суҳбат бо ҳайати шахсии дастаи мазкур таъкид намуданд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳанд ва донишу малакаи касбиро ҳамеша баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои ногувору фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз вазъи мураккабу пешгӯинашаванда, ки дар минтақа ва ҷаҳон ба назар мерасад, аз роҳбарияти сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар як хизматчии низомию воҳидҳои таъиноти махсус талаб намуданд, ки барои ҳифзи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва амну суботи ин сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *