Дар Тоҷикистон Ҳафтаи фарҳанги Қатар баргузор мешавад

Соли 2024 дар Тоҷикистон баргузории Ҳафтаи фарҳанги Қатар дар назар аст. Ин масъала дар шаҳри Душанбе зимни вохӯрии ҳайатҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Давлати Қатар баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот вобаста ба фаъолияти вазорат ва ҳамкории он бо муассисаҳои фарҳангии давлатҳои дӯсту бародар ибрози андеша гардид.

«Ҳамзамон ҷонибҳо баргузории Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатарро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Давлати Қатар барои ҳарду давлат иқдоми хубу мутақобилан судманд арзёбӣ намуданд», -иттилоъ медиҳад манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *