Дар Тоҷикистон ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн муваққатан маҳдуд мегардад
Шуруъ аз 1 июни соли равон дар Тоҷикистон барои ҳаракати нақлиёти гаронвазн дар роҳҳо маҳдудияти мавсимӣ оғоз мешавад.
Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.
Ҳангоми беш аз 25 дараҷа гарм будани ҳаво ҳаракати нақлиёте, ки зиёда аз 6 тонна вазн дорад, аз соати 10:00 то 20:00 маҳдуд карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ҳадаф пешгирии вайроншавии роҳҳои мошингарди мамлакат мебошад.
Маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн то 31 август идома меёбад ва он асосан дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Чанок, Ваҳдат-Данғара-Кӯлоб-Хоруғ-сарҳади Чин, Ваҳдат-Рашт-Лахш-сарҳади Қирғизистон, Гулистон-Фархор-Панҷ- Дӯстӣ-сарҳади Афғонистон, Бохтар-Данғара, Қизил-Қалъа-Ҷарбуҷа, Душанбе- Бохтар-Панҷи поён-сарҳади Афғонистон, Айнӣ-Панҷакент-сарҳади Узбекистон, Истаравшан-Зафаробод-сарҳади Узбекистон, Конибодом- Деҳмой, Истаравшан-Зафаробод-сарҳади Узбекистон, Исфара-Ворух- сарҳади Қирғизистон ҷорӣ карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ