Дар Тоҷикистон беш аз 836 ҳазор нафар нафақагиранд

Дар  Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2025-ум 836 ҳазору 690 нафар нафақагир зиндагӣ мекунанд.

Тавре ки директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод гуфт, шумораи умумии нафақагирони маъюб 167 ҳазору 108 нафар мебошад. Аз ҷумла, гурӯҳи якум — 17 965 нафар, гурӯҳи дуюм — 82 068 нафар, гурӯҳи сеюм — 33 041 нафар, маъюбони аз овони кӯдакӣ то 18-сола — 34 034 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, кӯдакони ятими кулл дар кишвар ба 1168 нафар, кӯдакони нимятим — 77 502 нафар мебошанд.

Қайд карда шуд, ки соли 2024 барои нафақагирон хизматрасонӣ дар ҳаҷми 26,5 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 8,7 миллион сомонӣ ё 48,8 фоиз зиёд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *