Дар Тоҷикистон таътили мактабӣ кам шуд

Акнун ба ҷойи 10 рӯз хонандагон дар таътили дарпешистодаи тирамоҳӣ 7 рӯз истироҳат мекунанд.

Ба иттилои вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ҳамчунин таътили зимистона як ҳафта ва баҳорӣ панҷ рӯз муайян шудааст.

“Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024 тартиб чунин муайян карда шудааст”, — иттилоъ медиҳад  вазорат.

Гуфта мешавад, ки то соли 2016 тартиб ҳамингуна буд, ки акнун дигарбора ҷорӣ шуд. Аммо дар ин ниҳод сабаби бозгаштро шарҳ надодаанд.

Зимнан, давомнокии соли хониши имсола беназардошти аттестатсияи ҷамъбастӣ 35 ҳафта, барои хонандагони синфи якум бошад 34 ҳафтаро дарбар мегирад.

Таътилҳои соли хониш ба рӯзҳои мазкур рост меоянд:

Таътили тирамоҳӣ: 7 рӯз (аз 1 ноябр то 7 ноябр);

Таътили зимистона: 7 рӯз (аз 1 январ то 7 январ);

Таътили баҳорӣ: 5 рӯз (аз 25 то 29 март)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *