Дар Тоҷикистон дар ним сол беш аз 130 занону духтарон худкушӣ кардаанд
Дар шаш моҳи аввали соли 2025 дар Тоҷикистон 102 зан ва 30 духтари ноболиғ худкушӣ кардаанд.
Дар ин бора Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи занон ва оила зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, гарчанде шумори худкушии занон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳолат кам шудааст, худкушии духтарони ноболиғ 6 ҳолат бештар гардидааст.
Ҳамчунин, дар ин давра 792 ҷиноят аз ҷониби занон ва 10 ҷиноят аз сӯи духтарони ноболиғ ба қайд гирифта шудааст.
Дар шаш моҳ нисбати занон 1 ҳазору 810 ва нисбати духтарон 154 ҷиноят содир шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ