Дар Тоҷикистон истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ афзоиш ёфт

Дар шашмоҳаи аввали соли 2025, корхонаҳои саноатии мамлакат ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол карданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 –ум 212,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш 113,2 фоиз ва ҳиссаи соҳа дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 6,1 фоизро ташкил дод.

Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар ин давра истеҳсоли асосии масолеҳи сохтмонӣ чунин будааст:

  • 2,3 млн тонна семент;
  • 112,5 млн дона хишт;
  • 43,2 млн дона хишти сементӣ;
  • 1,5 млн дона гаҷкартон;
  • 1,2 млн дона шифер;
  • 37,5 ҳазор тонна оҳак;
  • 1568,8 тонна ранги сохтмонӣ;
  • 1 млн м³ қуму шағал;
  • 299,7 ҳазор м³ бетони сохтмонӣ;
  • 14,5 ҳазор м² тахтасангҳо;
  • 48,7 ҳазор м² сангҳои ороишӣ;

Истеҳсоли афзояндаи масолеҳи сохтмонӣ, ба гуфтаи масъулон, ба рушди босуръати соҳаи сохтмон ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *