Дар Тоҷикистон сатҳи ҷинояткорӣ 7,5% коҳиш ёфт

Дар се моҳи авали соли 2023 сатҳи ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон 7,5% коҳиш ёфтааст.

Бино ба маълумотҳои омории Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумораи ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда дар вилояти Суғд 7,9%, дар вилояти Хатлон 11,2%, дар Душанбе 8,2% ва дар ноҳияҳои тобеи марказ 4,1% кам шудааст.

“Дар ин давра ҳамагӣ 6011 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 4983-то аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, 82,9%-и шумораи умумии ҷиноятҳои ба қайд гирифташударо ташкил медиҳад. Дар дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 1028 ҷиноят ё 17,1% ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудаанд”,- омдааст дар иттилоия.

Ҳамчунин таъкид мешавад, ки дар моҳҳои январ-марти соли 2023-юм 1286 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2022-юм 9,2% кам аст.

Дар ин давра аксаран ҷиноятҳо вобаста ба куштор, расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, қаллобӣ, ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *