Рӯзи эълони барандагони Грин-карта муайян шуд

Рӯзи 6-уми май, соати 21:00 ба вақти Душанбе натиҷаҳои қуръакашии Green Card-2023 (DV 2024), ки дархостҳо барои он тирамоҳи соли 2022 пешниҳод шуда буданд, эълон карда мешаванд.

Иштирокчиён дархости худро танҳо дар вебсайти расмии лотереяи Green Card https://dvprogram.state.gov тафтиш карда метавонанд. Тафтиш рақами тасдиқро талаб мекунад, ки иштирокчӣ бояд дар вақти дархост қайд карда бошад. Натиҷаҳои қуръакашӣ давоми чанд моҳ дар сайт дастрас хоҳанд буд.

Гуфта мешавад, ки агар иштирокчӣ рақами тасдиқро гум карда бошад, тавассути вебсайти расмӣ онро барқарор карда метавонад. Агар дастрасӣ ба почтаи электронии ҳангоми сабти номи корти сабз нишон додашуда фаромӯш шуда бошад, барқарор кардани рақами тасдиқ қариб ғайриимкон аст.

Иштирокчиёни DV-2024 бояд рақами тасдиқи худро на камтар аз 30-юми сентябри соли 2024 нигоҳ доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *