Дар шумораи №17-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Зери рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Аз хонаи хушдоманам гурезам?”, “Бо марди зандор хушбахт мешавам?”, “Зан тоқӣ нест, ки…”, “Пинҳонӣ зани дуюм шавам?” мутолиа карда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа хобномаи исломӣ таҳти унвони “Қабр дар хоб” таҳия гардидааст.

Қиссаи “Ишқи лӯлидухтар”. Чунин унвон дорад зиндагиномаи як ҷавон, ки дар кишвари рус ба лӯлидухтаре дил баста, барои расидан ба васли дилдодааш ҷонфидоиҳои зиёде мекунад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома таҳти рубрикаи “Оила ва ислом” саволу ҷавобҳои динӣ ва тақвими вақтҳои намозро барои моҳи май мутолиа карда метавонед.

“Чашми шавҳарам ҳаром аст” аз нақли зане навишта шудааст, ки шавҳараш дар пеши назараш ба занону духтарони бегона гаппартоӣ карда, бо чашми ҳаром менигарад. Зан зиндагиномаи худро нақл карда, аз хонанда маслиҳат мепурсад, ки бо чунин мард чӣ гуна умр ба сар барад.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз рӯнамоии китоби ёдбудӣ то нашри “Ишқ”-и Шабнами Сурайё” мутолиа намоед.

“Шавҳарам маро бе косметика қабул кардааст”. Чунин унвон дорад маводе, ки аз фаъолияти варзишӣ ва рӯзу рӯзгори бонуи варзишгар Мавзуна Чориева навишта шудааст.

Зери рубрикаи “Солимӣ” таҳти унвони “Чаро тифл дар батни модар мемирад?” маводи тиббиро дар боби бемории мазкур ва оид ба пешгирӣ намудани он маслиҳатҳои судмандро мутолиа намоед.

“Баъди 38 сол ба Тоҷикистон баргашт”. Чунин ном гирифтааст сарнавишти марде, ки чандин сол қабл аз хонаи волидон рафта, бо ҳамин бе ному нишон мегардад. Бозгашт баъд аз 38 сол на танҳо барои аҳли хонадони Наимовҳо, балки барои истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ҷолиб буду диққати мардумро ҷалб намуд.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *