толеънома

Толеъномаи 4-уми майи соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Тамоми имкониятҳоро барои хубтар сохтани вазъи молиявӣ ё ҳаёти шахсӣ истифода баред. Рафтори беандеша нисбати шахси дӯстдоштаатон оқибати ногувор пеш меорад. Баъди нисфирӯзӣ хабари хуш мешунавед. Беморие, ки дар ин рӯз пайдо мешавад, табобаташ тӯл мекашад, аз ин лиҳоз, худро эҳтиёт кунед.

Савр (21 апрел-22 май)

Фикру андешаҳои зиёд имкон намедиҳанд, ки бо мушкилиҳои рӯзгор машғул шавед. Парешонхотирӣ ва мушаввашӣ боиси ба ғалат роҳ додану ҷароҳат бардоштанатон мегардад. Агар дар ҳаёти шахсиятон сар задани мушкилиро намехоста бошед, ба дунё бо чашмони дӯстдоштаатон назар кунед. Волидони пир ба кумаки шумо ниёз доранд.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз бо тамоми ҳастӣ муҳити хонаводагиро хубу гуворо сохтан мехоҳед. Ҳатто муваққатан аз андешаҳои мағшуше, ки баъди ҷудоӣ бо дӯстдоштаатон шуморо раҳо намесозанд, халосӣ меёбед. Ҷавзоҳои муҷаррад ба доми ишқ меафтанд. Аз ғизое, ки боиси бад шудани вазъи саломатиятон мегардад, худдорӣ намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз нисбати худу атрофиён сахтгир нашавед. Шумо пайваста ҳама чизро назорат намуда, беҳбудиҳоро намебинед. Мушкилиҳои молиявии худро фавран рафъ созед, то ки дар фасли тобистон дар кисаатон пул бошаду аз қарзҳо халос шавед. Аз пешниҳодҳое, ки имрӯз пайдо мешаванд, худро гум накунед, беҳтараш ҷиҳатҳои мусбат ва манфиро нағзакак санҷида бинед.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз аз натиҷаи кори баъзе ҳамкороне, ки ба маслиҳати шумо гӯш намедоданд, руҳафтода мегардед. Сафари хидматӣ бобарор анҷом ёфта, имкониятҳои хуберо пеш меорад. Саломатиятон диққати махсусро металабад, аз ин рӯ, ба пурхӯрӣ ва нӯшидани машрубот роҳ надиҳед. Хабари хуше, ки имрӯз мешунавед, дар ҳаёти шахсиятон тағйирот ворид месозад.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Ҳама гуна имконияти беҳтар сохтани ҳаёти шахсии худро истифода баред. Босабру оқилона рафтор намоед, то ки нисбати шахси бароятон азиз беандешагӣ накунед. Истироҳат дар гӯшаи табиат қуввататонро барқарор месозад. Дар саломатиятон мушкилӣ сар зада, эҳтимоли асабхаробӣ вуҷуд дорад. Аз бемориҳои инфексионӣ эҳтиёт шаведу аз нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат аз ҳад зиёд ба эҳсосот дода нашавед, хусусан агар чунин рафтор табъи дили ёратон набошад, худро ба даст гиред. Ҳангоми суҳбат бо роҳбарият ошкоргӯӣ накунед, вагарна ба муноқиша гирифтор мешавед. Мизонҳои муҷаррадро тағйироти гуворо дар пеш аст. Шумо бахти худро пайдо мекунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Бо ҳамкорон забон ёфтанатон муҳим аст, вагарна корҳоятон пеш намераванд. Аз ҷониби дӯсти наздикатон дастгирӣ эҳсос мекунед. Нафарони оиладор бояд аз имтиҳони ҷиддӣ гузашта тавонанд, то ки зиндагияшон мустаҳкам гардад. Баъди нисфирӯзӣ бо нафаре аз наздикон муноқиша имкон дорад, вале баъди каме фишори руҳӣ вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз нерӯи худро сарф накунед, зеро рӯзи пур аз фиребу найранг аст. Пешакӣ кореро ба нақша нагиред, вагарна барор намегирад. Вазъи устувори молиявӣ боиси дилпур гаштанатон мегардад. Ба ҳар ҳол пулро зиёд сарф накунед. Шиносоии нав ё вохӯрии ногаҳонӣ бо собиқ дӯстдоштаатон шуморо дар ҳоли ногувор мегузорад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи бобарор аст, онро барои рафъи корҳои нотамом истифода баред. Дар ҳаёти шахсӣ бомулоҳизаву эҳтиёткорона амал намуда, бурд мекунед. Дар ин рӯз сафи ошиқонатон зиёд мешаванд. Агар шумо оиладор бошед, ба нафароне, ки васфи ҳусну ҷамолатонро мекунанд, посухи ҷиддӣ диҳед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар масъалаҳои пулӣ ҳангоми нобарорӣ бурдборӣ низ насибатон мегардад. Аз харидани чизҳои қимматбаҳо худдорӣ намоед, вагарна тамоман бепул мемонед. Баъди нисфирӯзӣ даромади ногаҳонии пулӣ имкон дорад ё нафаре, ки аз шумо қарздор буд, пулро бармегардонад. Вохӯрии ошиқона зиндагиятонро тамоман тағйир медиҳад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯзи зебои баҳорӣ табъатон хеле болида мегардад. Муҳимаш назди дӯстон худро зиёд таърифу тавсиф накунед. Дар ҷодаи муҳаббат комёб мегардед. Аз ҷониби яке аз наздикон туҳфа мегиред. Ба нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, дар ин рӯз бо маблағи калон кор карданро маслиҳат намедиҳем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *