Дар Тоҷикистон 7 ҳазору 562 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин сабт шуд
Дар нимсолаи аввали соли 2025 дар Тоҷикистон 7 ҳазору 562 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин сабт гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 232 ҳолат зиёд мебошад.
Дар ин бора Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замини Тоҷикистон, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба иттилои раиси кумита, нисбат ба 6 ҳазору 792 ҳолати қонунвайронкунии замин парвандаи маъмурӣ боз шуда, ба маблағи умумии 4 миллиону 4 ҳазору 105 сомонӣ ҷарима таъйин шудааст. Аз ин миқдор, 3 миллиону 99 ҳазору 864 сомонӣ ҷаримаҳо аллакай ситонида шудаанд.
Хоҷазода таъкид намуд, ки Кумитаи замин бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи замин ва пешгирии вайронкуниҳои қонунгузории замин тадбирҳои муассир меандешад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ